Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳаҷм 35,8 фоиз афзоиш ёфтааст

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷм 35,8 фоиз ва аз рӯи арзиш 44,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, баробар ба 17 июни соли равон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 433 тонна зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидемиологӣ ташкил карда шудааст.

Ситоди корӣ вобаста ба нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот бо мақсади бамаротиб зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа равона намуда, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои соҳа тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то санаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ 85119 тонна содирот гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: