Ҳайати «Амонатбонк» дар Форуми байнибонкӣ дар Чин иштирок намуд

Ҳайати расмии Бонки давлатии амонатгузории /БДА/  Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии раиси  Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» Сироҷиддин  Икромӣ дар  Форуми байнибонкии «Таҳкими ҳамкории молиявии минтақавӣ ва рушди устувори фарогир», ки аз 21 то 24  феврали соли равон  дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии  Чин  доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре аз «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Форуми мазкур таҳти раисии котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ Владимир Норов доир гардида, дар он  масъалаҳои рушди ҳамкории бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баррасӣ шуданд.

Тибқи иттилои сарчашма, дар Форум роҳбарон, намояндагон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ доир ба васеъ намудани доираи фаъолияти густариши ҳамкории молиявию иқтисодӣ байни бонкҳои кишварҳои аъзои СҲШ маърӯза карданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи Форуми байнибонкии «Таҳкими ҳамкории молиявии минтақавӣ ва рушди устувори фарогир» раиси БДА «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ бо роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, бонкҳои шарик  мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба доир намуд. Зимни ин вохӯриҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: