Дар Душанбе семинар барои иштирок дар озмуни хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ баргузор мегардад

Имрӯз дар  Душанбе семинар оид ба фаҳмондадиҳӣ ва пур кардани пешниҳодоти озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо  нақлиёти автомобилӣ дар 2 хатсайри мунтазам амалкунандаи шаҳрӣ баргузор мегардад. Дар ин бора  аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар аз ҷониби коршиносон барои довталабон  корҳои  фаҳмондадиҳии ҳуҷҷатҳои озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазам амалкунандаи шаҳрии №50 (Ҷамоати Чоряккорон-Терминали мусофирбарии ҶСП «Фароз» ва хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон-КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед») гузаронида мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд дар ин семинар, ки соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: