COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 9 миллион нафар гузашт

Ба ҳолати 22 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9 миллион шуда, зиёда аз 470 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 130 382 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 338 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 046 080 буда, теъдоди фавтидагон 470 703 мебошад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 356 657 нафар), Бразилия (1 086 990), Россия (584 680), Ҳиндустон (426 910), Британияи Кабир (304 331), Испания (293 352), Перу (254 936), Чили (242 355), Италия (238 499) ва Эрон (204 952) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: