Нимаи дуюми рӯзи 9 июн дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди мулоқоти самимию судманд анҷом дода, маҷмуъи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.
Сарвари давлат аз сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамёрии кишварҳо дар чорчӯбаи СҲШ боз як омили пешбурди ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон хоҳад шуд.
Ҷонибҳо таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодиро муҳим маънидод карда, дар раванди пешбурди онҳо идомаи фаъолияти самарабахши муносибатҳои байнипарламентӣ ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омодааст, сармояи ҳиндустониро барои татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ, тиҷоративу хизматрасонии худ ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус тавлиди энергияи таҷдидшаванда, таъсиси корхонаҳои муштараки бахшҳои мухталифи истеҳсолӣ,ҷалб намояд.
Афзоиши шумораи парвозҳои мустақими байни Душанбеву Деҳлӣ, истифодаи имкониятҳои зиёди Тоҷикистон баҳри тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои туризм, густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи тиб, барои мардумон муҳиму манфиатбахш арзёбӣ гардид.
Таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷодаи таъсиси марказҳои муштараки ташхисию муолиҷавӣ, бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ ва маориф бар нафъи ҳар ду кишвар судовар маънидод карда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин масъалаи таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили калидии таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.