Авҷи корҳои сохтмонӣ дар деҳаи навбунёди Хуросон

Имрӯзҳо  корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон вусъати тоза пайдо карда, қариб 500 нафар ихтиёриён, ҷавонон, ҳизбиён, сокинони деҳоти атроф, сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ба сокинони маҳаллӣ расонидани ёрӣ дар корҳои сохтмонӣ ба ин ҷо омадаанд. Дар ин маҳали бехавф ба 67 оилае, ки манзили зисташон дар пайи офати табиии моҳи май қисман ва пурра зарар дидаанд, 8 сотихӣ замин додаанд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи ёварон ва сокинони маҳал нисфирӯзӣ ва шомгоҳ бо таоми гарм таъмин карда мешаванд. Сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва роҳҳои деҳаи навбунёд низ шурӯъ шудааст. Алҳол қубури оби нӯшокиро васл карда истодаанд.

Бахши кор бо занони ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш барои ҳашарчиён нонҳои тоҷикӣ пухта оварданд. Инчунин ба аҳли заҳмат ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ тақсим карда шуд.

Муовинони раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода ва Фирӯза Шарифӣ ҳашарчиёну сокинони маҳаллаи навбунёдро ҳамроҳӣ доранд ва кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Сироҷиддин Бобохонов сарвари яке аз 67 хонаводаест, ки дар маҳалли Чорбоғ соҳиби 0,08 га замин шуда, аллакай зербинои манзилашро бунёд кардааст. Вай мегӯяд, ки аз ҷониби давлат ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, тахта, арматура, инчунин миқдори кофии маводи озуқа дастрас шудааст. Ихтиёриён ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар кори сохтмони манзил ба хонаводаи С. Бобохонов ва дигар зарардидаҳо кумак мекунанд.

— Ният дорам, ки то 1 август сохтмонро ба анҷом расонида, вориди манзили нави хуштарҳамон гардем, ки аз 5 ҳуҷра иборат хоҳад буд, — мегӯяд Сироҷиддин Бобохонов. — Ҳатман ҳамаи шуморо ба меҳмонӣ даъват хоҳам кард.

Сокини дигари ин маҳалла Маҳмурод Солиев низ аллакай лоиҳаи сохтмони манзилашро аз мутахассисони соҳаи бинокорӣ дастрас намудааст. Ӯ низ айни ҳол кумакҳои болозикрро дастрас намуда, барои ғамхории ҳамешагӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия изҳори миннатдории самимӣ мекунад.

-Аз рӯзи аввали сар задани ин ҳодиса мо худро танҳо эҳсос намекардем,- мегӯяд М. Солиев. -Тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар паҳлуи мо буданд. Аз роҳбарияти давлат, вилоят, шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки пайваста бо маводи ғизоӣ, ашёи рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида, дастгирии рӯҳию маънавиашонро дареғ намедоранд, сидқан сипосгузорам.

АМИТ «Ховар»

Tags: