Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафарро аз хатари ғарқшавӣ дар об наҷот доданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ду нафари онҳо мард ва яке зан — сокинони ноҳияҳои Деваштич ва Спитамен мебошанд.
«Ин сокинон дар ҷойи мамнуъ барои шиноварии дарёи Сир дар қаламрави шаҳри Хуҷанд шиноварӣ мекарданд. Онҳо шинокунон аз соҳил дур рафта, намедонистанд, ки дар бозгашт қувваашон барои то соҳил шино кардан намерасад», — омадааст дар иттилоияи КҲФ ва МГ.
Манбаъ афзуд, ки наҷотдиҳандагони навбатдори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд онҳоро фавран ба соҳил бароварданд. Онҳо ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад, ки ҷиддан қоидаҳои бехатариву амният дар обро ҳангоми истироҳат риоя кунанд ва кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд.
АМИТ «Ховар»