САРВАРИ ЯТИМПАРВАР. Ин кӯдакону наврасон ба Президенти Тоҷикистон чун бар падари худ изҳори муҳаббати фарзандӣ менамоянд

17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ин вилоят бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат тавассути бунёду навсозии иншооти соҳа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу омӯзиши ин қишри ояндасози ҷомеа имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз ҳамин шароит наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия мешаванд.

Қобили тазаккур аст, ки чун анъана Сарвари ятимпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Дар робита ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намоед ба нигоштаи Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

-Банда аз зумраи он нафароне ҳастам, ки ҳар боре, ки сафари Пешвои миллатамон ба ягон гӯшаи мамлакат ба вуқуъ мепайвандад, бо таваҷҷуҳи бузург аз аввал то охир рафти ин сафарро пайгирӣ менамоям. Барои ман аз ҳама таваҷҷуҳангез дар ин амал он аст, ки боз дар кадом гӯшаи давлати азизамон чӣ бунёдкориву чӣ ободие ба вуҷуд омадааст. Чӣ иншооти нав қомат афрохтааст, чӣ корхонаву муассиса, чӣ кӯдакистони нав, чӣ мактабу варзишгоҳ, чӣ қасри фарҳангиву чӣ дармонгоҳ ба кор оғоз намудааст.

Манзаре беҳтар аз ин нест, ки шоҳиди рӯз то рӯз ободу зебо гардидани давлати азизи худ бошӣ. Ба чашми худ бубинӣ, ки дар дурдасттарин гӯшаҳои давлати маҳбубамон иншооте сохта мешаванд, ки ба баландтарин талаботи замон ҷавобгӯ буда, аз беҳтарин муассисаву корхонаҳои замонавӣ аз ягон ҷиҳат тафриқа надоранд. Аз ин рӯ, банда ҳамеша мунтазири ҳар сафари Пешвои миллатамон ба ин ё он минтақаи Тоҷикистон ҳастам, зеро медонам, ки дар ин сафарҳо аз файзи қадами Президентамон Ватани маҳбубамон пайваста ободтар мегардад. Хурсандибахш аст, ки ин сафарҳову ин ободкориҳо пайваста амалӣ шуда, ба ҳукми анъана даромадаанд. Ин аст, ки солҳои охир мо шоҳиди ба куллӣ дигар гардидани симои Ватанамон ва хусусан гӯшаҳои дурдасти он мегардем.

Бубинед, сафаре, ки чанде пеш дар вилояти Суғд доир шуд, чӣ қадар дастовезҳои шоиста дошт, даҳҳо иншооти хоҷагии халқ, аз ҷумла, корхонаҳои саноатии нав ба фаъолият шуруъ намуданд. Танҳо номбар кардани онҳо саҳифаҳои зиёдеро пур менамояд ва ба ин ҳоҷат ҳам нест, чун ҳамагон худ тавассути телевизион ва воситаҳои ахбори омма аз ин дастовардҳо огоҳӣ доранд.

Сафаре, ки рӯзҳои 15-18 августи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом ёфт, бо он нишотбахшу таъсирнок буд, ки ҳатто дар ҳамин гӯшаи дурдасти Ватанамон новобаста ба дурии роҳу мушкилоти расонидани таҷҳизот даҳҳо иншооти нав ва аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ бо сифати баланд ва бозгӯи талаботи замон ба истифода дода шуданд.

Аммо ҳадаф аз ин гузорише, ки менависам, таъкиди як нуқтаи муҳими дигар аст. Дар тамоми сафарҳои Пешвои миллатамон ба шаҳру навоҳии мамлакат як чорабинии пурэҳсосу пурҳаяҷоне ҳамеша зуҳур дорад, ки ин мулоқот бо ятимону бепарасторон аст. Ин вохӯриҳои Пешвои миллатро наметавон бе ашки чашму эҳсосоти баланд тамошо намуд. Ин амали Президенти Тоҷикистон, ки солҳои сол идома дораду анъанаи ҳамешагӣ гардидааст, воқеан аз дили бузург, инсонигарии баланд ва раҳму шафқати бесобиқаи Пешвои миллатамон дарак медиҳад, зеро шабеҳи онро дар рафтори ягон сарвари дигар, дар ягон кишвари дигар надидаем. Ман дар ёд надорам, ки ягон сафари Президенти мамлакатамон бе ҳамин гуна чорабинӣ, яъне мулоқот бо бепарасторону ятимон, шунидани арзу шикояти онҳо, супоридани туҳфаҳо, дастгирии молиявӣ аз ҷониби Президент, таъмин намудани онҳо бо манзил ва ғайраҳо гузашта бошад.

Банда гоҳе дар ин вохӯриҳо ҳузур доштаву бо чашми худ дидаву шоҳиди он будаам, ки чӣ гуна Президенти Тоҷикистон аз сари шафқати баланди инсонӣ, ки хосашон аст, масалан ба се нафар ятими як хонавода дар ноҳияи Шаҳринав аз бинои нав хонаи истиқоматӣ тақдим намуда буданд, шоҳиди суханронии ятимоне будам, ки ашк дар чашм изҳор менамуданд, ки онҳо ҳаргиз худро ятим намешуморанд, зеро Президенти мамлакат имрӯз худ падари ғамхори онҳо мебошанд. Имрӯзҳо даҳҳову балки садҳо нафар ятимон бо дастгирии Президенти инсонпарвари мо дар донишгоҳҳои олии мамлакат таҳсил менамоянд, даҳҳои дигар стипендияи президентӣ мегиранд. Дар пойтахти Ватанамон Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» амал менамояд, ки дар он аз тамоми гӯшаҳои мамлакат духтарони ятим ройгон таҳсил ва зиндагӣ менамоянд ва таҳсилу таъмини зиндагии онҳо аз ҳисоби фондҳои захиравии Президенти Тоҷикистон мебошад.

Зимни сафари навбатии Сарвари мамлакатамон дар Бадахшон мо бори дигар шоҳиди мулоқоту меҳрубонӣ ва ғамхориву кумакҳои Пешвои миллатамон бо кӯдакони ятиму бебизоат гардидем. Ин қадар ин кӯдакон, наврасон ва ҷавононе, ки дасти ғамхорӣ ва меҳри падаронаи Президентро бар сари худ пайваста ин ҳама солҳо эҳсос намудаанд, бо меҳру муҳаббат ва ифтихори бепоён изҳори муҳаббати фарзандӣ менамоянд.

Ин ибора: «Сарвари мо-падари мост!»-ро борҳову борҳо аз забони кӯдакони ятим дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат шунидаем. Ва ҳамин ибора унвони сурудаи нави банда, ҳосили таассуроти самимона аз чунин мулоқотҳои Пешвои миллат бо ятимону камбизоатон аст, ки дар он сухани бофтае нест, балки ҳарфҳоеанд, ки борҳо аз забони худи кӯдакон садо додаанд.

САРВАРИ МО — ПАДАРИ МОСТ

Мо ятимони Ватан
Хештанро нашуморем ятим,
бе падар, бе модар!
Сарвари Меҳани мо худ падари мост!
Дасти шафқат ба сари мост,
Дасти ҳиммат ба сари мост,
Меҳри некаш ба ҷаҳон болу пари мост!

Мо ятимони Ватан
Хештанро нашуморем ятим,
Бе падар, бе модар!
Сарвари Меҳани мо худ падари мост,
Падари бохабари мост!
Падари раҳмдилу хушназари мост!
Сарвари кишвари мо
Падари миллати хушбахти ҷаҳон аст,
Падари ҷумлаи тоҷикон аст!

Сарвари мо падари мост!
Сарвари мо падари муътабари мост!

Беҳтар аз сад падари асл гаҳе
Мӯнису ғамбару ғамхор бувад,
Беҳтар аз сад падари асл гаҳе
Ба ту аз дур ва ё аз наздик
Ҳамаи умр мададгор бувад.
Он ки ин гуна падар бар сари ӯст,
Бахт як умр варо ёр бувад.

Аз бари рӯи ятим
Ҳар касе ашк кунад пок, санояш бодо,
Сари ӯро бинавозад ба муҳаббат чу падар,
Лутфу эҳсони Худояш бодо!
Нест як марди аз ӯ волотар,
Ҳиммате нест аз он болотар.
Кош подоши Худоро бинад,
Кош гулбоғи бақоро чинад.

Кӯи сахт аст ятимиву ҳама огоҳанд,
Лек аз дасти ятимон на ҳама мегиранд.
На ҳама синаи раҳмат доранд,
На ҳама ҳиммати шафқат доранд!

Сарвари Меҳани мо худ падари мост!
Мисли Хуршед ба сад меҳр ба болои сари мост!
Бораи шаъну шараф,
Бар алайҳи ҳама ғамҳо сипари мост!
Пуштбону дили пур,
Ҳомии сулҳу салоҳ,
Ҳомии бому дари мост.
Дилу ҷону ҷигари мост!

Бешуморанд дар ин хок ятимон, аммо
Байнашон нест ягон бепадаре, шукри Худо!
Сарвари мо падари мост!
Сарвари мо падари хушгуҳари мост!
Сарвари мо падари тоҷвари мост!
Сарвари мо падари мо, падари мо, падари мост!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

Tags: