Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ҷамъияти дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷӣ

26 май Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода аз Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ боздид намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот бо Раиси ҷамъияти мазкур Лин Сунтян табодули назар пиромуни масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ, аз ҷумла бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва ҷавонон сурат гирифт.

Ҷонибҳо зарурати густариш ва таҳкими ҳамкории судмандро дар заминаи чорабиниҳои муштарак ва барномаҳои ҳамкорӣ  таъкид намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: