Бозор Собир - шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ доданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.