Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 935 ҳазор нафар расида, теъдоди шифоёфтагон аз 194 ҳазор кас ва фавтидагон аз 47 ҳазор тан гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Ба ҳолати субҳи 2 апрел дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 2777 ҳолат, Украина – 794, Арманистон – 571, Молдова – 423, Қазоқистон – 402, Озарбойҷон – 359, Беларус – 163, Ӯзбекистон – 181 ва Қирғизистон — 111 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 190 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 31, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 26, Молдова — 23, Украина – 13, Ӯзбекистон – 12 ва Қирғизистон — 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 24 ҳолат, Украина – 20, Озарбойҷон – 5, Молдова – 5, Арманистон – 4, Қазоқистон — 3, Ӯзбекистон — 2 ва Беларус — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 237 нафарро ташкил медиҳад, ки панҷ нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.
Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 215 175 нафарро ташкил медиҳад.
Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 110 574 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 13 155 нафарро ташкил медиҳад.
Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 104 118 нафар мубталои коронавирус шудаанд.
Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Чин — 81 554, Германия — 77 981, Франсия — 56 989, Эрон — 47 593, Британияи Кабир — 29 474, Швейтсария — 17 768, Туркия – 15 679, Белгия – 13 964, Нидерланд – 13 614, Австрия – 10 711, Кореяи Ҷанубӣ — 9 976 ва Канада – 9 731 ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҳама бештар дар Чин — 76 238 нафар, Испания — 22 647, Германия — 18 700, Италия — 16 847, Эрон — 15 473, Франсия — 10 935, ИМА — 8 878, Кореяи Ҷанубӣ — 5 828, Швейтсария — 2 967 ва Белгия — 2 132 нафар беморон шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (13 155 нафар), Испания (9 387), ИМА (5 110), Франсия (4 032), Чин (3 312), Эрон (3 036), Британияи Кабир (2 352), Недерланд (1 173), Германия (931) ва Белгия (828) дохил мешаванд.
СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
АМИТ «Ховар»