Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст дар моҳи хайру эҳсон- моҳи шарифи Рамазон ба 7600 оила, нафарони яккаву танҳо ва маъюбон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва дигар маводи зарурӣ расонад.
Ин амри хайр вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 12 майи соли равон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ҷиҳати дар моҳи шарифи Рамазон дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дода шуданд, роҳандозӣ гардидааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ҳамчунин аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд имрӯзҳо дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи мақомоти маҳаллии вилоятӣ тақсими кумакҳои моддӣ идома дорад.
АМИТ «Ховар»