Се нафар бо гумони хариду фурӯши ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо дастгир шуданд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе мардони 30, 32 ва 59-сола, сокинони ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ бо гумони интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии  металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир карда шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз дастгиршудагон  53 адад сангҳои қимматбаҳои табиӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои гирифташуда ёқути сурх буда, вазнашон 47,76 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои  тафтишотӣ  идома доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: