Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе — яке аз масҷидҳои калонтарин моҳи март, қабл аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода мешавад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иброз намуд.
Зикр гардид, ки фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда шудааст.
Зимни нишаст иброз гардид, ки дар шашмоҳаи дуюми соли сипаригардида аз ҷониби комиссияҳои доимии танзим, анъана ва ҷашну маросим дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 25 729 санҷиш гузаронида шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 695 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст.
Дар тӯли солҳои амалигардии ин қонун муносибатҳои иҷтимоии маросимӣ дар мамлакат ба танзим дароварда шуда, дар татбиқи ҳадафҳои он аҳли ҷомеа нақши ҳалкунанда гузоштанд. Яъне дар ин муддат аҳли ҷомеа анъанаҳои гузаштагони худро эҳё намуда, то дараҷае сатҳи худнамоиву хурофотпарастӣ паст карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуданд. Ин буд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли гузашта аз таҷрибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намуда, дар кишвар амалӣ кардани чунин қонунро ба роҳ монданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум то андозаи таъсир гузошт.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иброз намуд, ки ӯ ва муовинонаш рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандонро мунтазам ба роҳ монда, арзу шикоятҳои онҳоро қабул ва мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
АМИТ «Ховар»