Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби соҳибкорон 19 корхонаи саноатӣ, 8 гармхона ва 5 ферма ташкил гардид

Давоми соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкорон 19 корхонаи саноатӣ, 1 сардхона, 8 гармхона ва 5 фермаи чорводорию парандапарварӣ ба истифода дода шуд. Интизор меравад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ теъдоди ин гуна иншоот ба  21 корхонаи саноатӣ, 9 гармхона, 3 сардхона, 10 фермаи чорводорӣ ва парандапарварӣ расонида шавад.

Дар ин бора ва паҳлуҳои дигари нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Зариф Назирӣ 30 январ зимни нишасти матбуотӣ  маълумот дод.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, зимни нишаст гуфта шуд, ки давоми соли гузашта дар доираи раванди корҳои ободонию созандагӣ  бо саҳми соҳибкорон навсозии 3 мактаби садамавӣ ва 3 кӯдакистони бекорхобида ба нақша гирифта шуд. То имрӯз дар назди муассисаҳои таълимии №80,64 ва 16 бинои иловагӣ бунёд гардида, дар ҷамоатҳои Хистеварз, Д.Холматов ва шаҳраки Ғафуров 3 кӯдакистон аз таъмир бароварда шуданд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар ноҳия баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 1282 банди пешбининамудаи нақшаи чорабиниҳо  758 банди он амалӣ гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: