Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Баландии нишон 23 ва қутраш 2,5 метрро ташкил дода, таҳкурсии он бо санги хорои ватанӣ оро ёфтааст. Зинапоя ва майдони назди нишони давлатӣ чароғон мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар майдони ин муқаддасоти давлатӣ моҳи июни соли 2021 бо маблағгузории Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Су-3” — и шаҳри Панҷакент оғоз гардида буд.

Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд.

Акнун майдони назди Нишони давлатӣ ба як макони зебову назаррабо ва писандидаи сокинону меҳмонони шаҳри бостонии Панҷакент табдил ёфт.

Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст, ки диқатҷалбкунанда мебошад.

Дар шаҳри Панҷакент барои истиқболи сазовори 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар баробари ба ҳусни шаҳр афзудани зебоӣ, инчунин сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мешавад.

Ифтитоҳи Нишони давлатӣ низ аз тадбирҳои созанда дар ин самт ба шумор меравад, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амалӣ гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: