Имрӯз дар Тоҷикистон зилзила ба қайд гирифта шуд

Имрӯз соати  12:09 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон зилзила ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила  дар  километри 260-уми қисмати шимолу шарқи  Душанбе, дар шарқи ноҳияи Лахш қарор дошта,  5 баллро ташкил дод.

Шиддати зилзила  тибқи ҷадвали Рихтер дар Душанбе 2 балл арзёбӣ гардид.

Дар бораи хисороти зилзила хабар нарасидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: