IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин гардид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шурӯъ аз 12-уми январ соли равон бинобар зиёд будани тармафароӣ ва хавфи фаромадани тармаҳои нав  ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ қатъ гардида, аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 22  тармаи хурду бузург бартараф гардид. Имрӯз, 13 январ дар натиҷаи тадбирҳои андешида ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дубора имконпазир гардид.

Тавре сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон Далери Абдулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» тазаккур дод, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минатқа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат эҳтироми якдигарро ба ҷо оранд ва бодиққат бошанд».

Мавзӯи мазкур мавриди пайгирии доимии АМИТ «Ховар» қарор дошта, баробари дастрас гардидани хабари тоза дар бораи вазъияти роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ иловатан пешкаши хонандагони сомонаи Агентӣ гардонида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: