«…ҲАМСОЯ ЗИ ҲАМСОЯ ГИРАД ПАНД». Ҳадафи асосӣ ва ниҳоии Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат аз қабули қонуни танзим таъмини зиндагии шоистаи мардум аст

«Вақте тариқи АМИТ «Ховар» аз тасмими ҳукуматдорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бобати каммасраф гардонидани тӯйҳои арӯсӣ ва дигар маросим аз 1 январи соли равон огоҳӣ ёфтам, бори дигар итминон ҳосил намудам, ки Сарвари давлати соҳибистиқлоли мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то чӣ андоза дурбину дурандешанд. Зеро ҳар иқдоми эшон ба ободонии мамлакат, некӯаҳволии халқ ва ҳар як хонадону оилаи сарзамини мо равона гардидааст», — навиштааст як нафар хонандаи сомонаи мо, сокини шаҳри Душанбе Садоқати САНГИН. Дар идома ӯ чунин изҳори андеша намудааст:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Сарвари давлатамон қабул шуданд ва муваффақона дар ҳаёт татбиқ мегарданд, дар зиндагии мардуми мо таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд оварданд. Имрӯз ҳамагон медонанд, ки онҳо ба нафъи ҷомеа, тамоми аҳолӣ ва ҳар оила мебошанд.

Мо, тоҷикон, ба расму оин, анъана, урфу одатҳои миллии худ, аз ҷумла тӯйҳои суннатӣ, арӯсӣ, маросими ёдбуд арҷ мегузорем ва онҳоро риоя мекунем. Шукри Худо, ману шавҳарам 3 фарзанд- ду духтару як писар дорем. Чун вақту соаташ омад, онҳоро хонадор кардем, баъд аз фавти волидайн ва падарарӯсам ба хотири онҳо маъракаҳои ёдбуд барпо намудем. Аз рӯи таомул ба ин маъракаҳои  хонаводагӣ хешу ақрабо, ҳамкорон, ҳамсояҳо, ёру дӯстону шиносонро даъват мекардем. Ҳатто қаблан рӯйхат омода месохтем, то касе фаромӯш нашаваду аз мо наранҷанд. Ба маъракаҳо одамони зиёд меомаданд, ки баъзан сабаби ҳайрати  намояндагони минтақахои дигар мегардид, масалан русҳо ва ғайра. Ташрифи одамон- ин нишонаи эҳтиром ба хонадони мо буд, ки мо аз ин меболидем.

Вале миннат нашавад, ин маъракаҳо ба мо осону арзон  не, балки хеле  гарон меафтиданд. Чунки ману шавҳарам дар идораҳои давлатӣ кор карда, зиндагиамонро бо маош пеш мебурдем. Ва чунин оилаҳо кам нестанд. Боз инро ҳам бояд ба инобат гирифт, ки аксари оилаҳои тоҷик серфарзанданд.  Лекин ба ҷо овардани расму русум, барпо кардани маъракаҳои хурсандӣ ва ғайра қарзи падару модар дар назди фарзандон, рӯи сурху сари баланди онҳост. Бинобар ин, бисёр касон маҷбур мешуданд, ки ба қарз ғӯтанд, баъди  муддати мадид худро аз бисёр чизҳо маҳрум сохта ва аз даҳони фарзандони хурдсолашон зада, бар ивази заҳмату талоши зиёд онро бикананд. Ҷаноби олӣ, ки  худ аз миёни халқ баромада, чандин бор ин гапро ҳам гуфтаанд, ин масъаларо  хуб мефаҳмиданд. Ва оқибат бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат ин қонуни  барои мардуми мо ҳаётан муҳим арзи вуҷуд кард. Ва агар одӣ карда гӯем, аз пушти халқ гӯё бори гарон афтид, оилаҳо оҳи сабук  кашиданд.

Акнун  волидайн пасандозҳои худро на ба маъракаҳои серхароҷоти пурдабдаба, ки ҳамагӣ чанд соат давом мекарданду баъди онҳо хонаи соҳибтӯй манзили ғоратшударо мемонд, балки ба ободонии хонадон, таъмини ғизо ва сару либоси беҳтар  барои аҳли байт, харидани китобҳо, компютерҳо барои фарзандон, мошин, яхдон, телевизор, асбобу ашёи ҳозиразамон барои зист сарф мекунанд. Барои ҳамин кулли мардум аз Пешвои миллат баҳри чунин иқдоми хирадмандона ва ғамхорона аз замин то осмон миннатдоранд. Ҷаноби олӣ ҳамеша мегӯянд, ки кори намешудагӣ нест, фақат азму талош ва иродаи мустаҳкам зарур аст. Мо инро бо чашми сар  дидем.

Боре дар бозор  тасодуфан бо як зан,  ки аз Қирғизистон будааст, ҳамсуҳбат шудам. Вақте ки гап аз сатҳу сифати зиндагӣ баромад, ӯ бо ҳасрат гуфт, ки агар дар ҷумҳурии мо ҳам қонуне шабеҳи қонуни шумо дар бораи танзим қабул мешуд, зиндагии мо ҳам ранги дигар мегирифт.

Дар Ӯзбекистони ҳамсоя расму русум, урфу одатҳо ба мисли моянд. Баъд аз он, ки бо кӯшишҳои роҳбарони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстона эҳё гардиданд, омаду рафт зиёд, аз ҷумла ба маъракаҳои ҳамдигар афзуд  ва дӯстони ӯзбек то чӣ андоза манфиатовар будани қонуни танзимро бо чашми сар дидаю фаҳмиданд. Ва оқибат онҳо низ ҳамин  роҳро пеш гирифтанд. Дуруст мегӯянд: ангур зи ангур гирад ранг, ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд.

Ҳанӯз солҳои таҳсил дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, ки Ҷаноби олӣ профессори фахрии он интихоб шуданд, як андарзи фарзанди фарзонаи Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъли Неҳруро хонда будам, ки дар ёдам мондааст: «Андоза меъёри бузургии инсон ё кишвар буда наметавонад».

Мо инро дар мисоли Тоҷикистони азизамон дида истодаем. Имрӯз давлати соҳибихтиёри моро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф  менамояду эҳтиром мекунад, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ қабул намуданд ва онҳо дар саросари олам татбиқ мешаванд, дар пойтахти ҷумҳуриамон- шаҳри Душанбе чорабиниҳои ҷаҳонии сатҳи олӣ доир мегарданд, ки мояи  ифтихори ҳамаи мост.  Мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллат, ки хитобаву шиори асосиашон ин аст: «Тоҷикистон – ба пеш!», бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи нек гом мениҳад.

Садоқати  САНГИН,
нафақахӯр, сокини шаҳри Душанбе

ДАР АКСИ БОЛО: маросими тӯйи навхонадорон дар Ӯзбекистон.
Акс аз бойгонӣ

АМИТ «Ховар»

Tags: