Шаҳрванд Кароматулло Қувватов ҳангоми дар вазифаи муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ фаъолият намуданаш бо истифода аз ваколати мансабӣ ҷинояти қаллобӣ, яъне ба шаҳрванд ғайриқонунӣ додани қитъаи заминро содир намуд. Номбурда 4 январ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Сайҷафар Саидов даромада, аз харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалиев, воқеъ дар деҳаи Селбури ҳамин ҷамоат, ки ба гурӯҳи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ (чарогоҳ) мансуб аст, қитъаеро ҳамчун замини маҳали аҳолинишин нишон дода, барои сохтани хонаи истиқоматӣ дар майдони 0,06 гектар ба ӯ ҷудо карда додааст. Бар ивази ин, аз С. Саидов 10 000 сомонӣ талаб кардааст. С. Саидов ба К. Қувватов 10 январи соли равон 4000 сомонӣ ва баъдан давоми моҳ дар се ҳолат 5500 сомонӣ, ҷамъ 9500 сомонӣ додааст.
Тавре муовини прокурори ноҳияи Восеъ Ш. Ниёзӣ иттилоъ дод, нисбат ба Кароматулло Қувватов барои ин амали ғайриқонуниаш аз тарафи прокуратураи ноҳия бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 3381 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол гардид.
Бо ҳукми суди ноҳияи Восеъ Кароматулло Қувватов гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 60 ҳазору 500 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муҳандис — заминсози ҷамоати деҳот ба муҳлати ду сол таъйин карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки мутобиқи талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
АМИТ «Ховар»