Дар арафаи Соли нави 2020 аз ҷониби як нафар соҳибкори ватанӣ хотири беш аз 200 нафар кӯдаки шаҳри Роғун болида гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки ин соҳибкор бо харҷи беш аз 150 000 сомонӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон хатнасур барпо намуда, ба ин қишри ҷомеа туҳфаҳои пулӣ ва солинавӣ тақдим намуд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов, ин иқдоми хайр аз ҷониби соҳибкор ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун роҳандозӣ гардид. Дар ин замина аз ҷониби раиси шаҳр дар ҷаласаи корӣ ба масъулини маркази саломатии шаҳр супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатнаи кӯдакону наврасонро ба анҷом расонанд.
Хайру эҳсон яке аз фазилатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бузургон ва шахсони дуруандеш пайваста аз накӯиву накӯкорӣ ва хайру эҳсон нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сухан ронда, ин хислати инсонӣ ва суннати неки ҷавонмардиро дар осори худ васф кардаанд.
АМИТ «Ховар»