Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» дар шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷамъбаст гардида, ба даври дуюми он, ки моҳи августи соли равон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор, Тоҷикобод, Роғун ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гирифтани баҳои баланди ҳакамон роҳ ёфтанд.
Даври аввали «Андалеб-2016» ва баргузории барномаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо сабаби зиёд будани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг тамдид гардида, дар рӯзҳои 11-20 июли соли равон гузаронида мешаванд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» чанд сол инҷониб аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» баргузор мегардад.
Соли равон мавзӯъҳои асосии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»-ро намоиши дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додааст.