16 сентябр, соати 16-00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, 13 сентябри соли 2017 аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қабул гардида буд, ки ҳадафи он рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт, ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Тибқи қарори мазкур сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ 51 000 (панҷоҳу як ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
Ҳамчунин дар қарор омадааст, ки раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АМИТ "Ховар"