Иштирокдорони мусоҳиба-сафари «Таассурот дар бораи Чин ва бунёди муштараки «Як камарбанд — як роҳ» дар Гуанчжоу ҷамъ омаданд

Рӯзноманигорон аз давлатҳои иштирокчии ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ» бо мақсади ширкат дар як мусоҳиба-сафар таҳти унвони «Таассурот дар бораи Чин ва бунёди муштараки ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» дар шаҳри Гуанчжоуи музофоти Гуандун (ҶМЧ) қарор доранд. Тоҷикистонро дар ин сафар сармуҳаррири ҳафтаномаи «Народная газета» Маҳбуба КАМОЛОВА ва хабарнигори пешбари АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР муаррифӣ мекунанд (ДАР АКС).

Ҳадафи ташкили сафар таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи матбуот миёни давлатҳоест, ки ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ»-ро дастгирӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки зимни сафар иштирокдорон аз минтақаи Гуандун — Ҳонконг — Макао ва минтақаи марказии Роҳи баҳрии абрешими асри 21 дар музофоти Гуандун ва Футсзиан боздид кунанд.

Бояд зикр кард, ки Гуанчжоу, ки қаблан чун Кантон маъруф буд, пойтахти музофоти Гуандун, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, таълимӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва нақлиётии тамоми ҷануби Чин мебошад.

Гуанчжоу бо аҳолии беш аз 14 миллион нафар пас аз Шанхай ва Пекин сеюмин шаҳри бузург дар Чин аст.

АМИТ Ховар

Tags: