18 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафирони Ҷумҳурии Куба ва Ҷумҳурии Финляндия дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Куба (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Эмилио Певида Пупо вазъи кунунии раванди ҳамкории дуҷониба, рушди робитаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин Музаффар Ҳусейнзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Ҳелсинки) Мария Лиивала вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндияро муҳокима намуда, оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.
АМИТ «Ховар»