Вазорати кишоварзӣ: пахтаи ҷамъоваришуда 98,6 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад

Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз аввали мавсим то имрӯз дар ҷумҳурӣ 415 ҳазору 387 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳазору 945 тонна зиёд буда, 98,6 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, деҳқонони вилоятҳои Суғду Хатлон аз мусоид омадани ҳавои фасли тирамоҳ самаранок истифода бурда, тавонистанд пахтаи саҳроро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Тибқи ҳисобот, соли гузашта пахтакорони мамлакат ба андозаи 90,2 фоизи иҷрои дурнамо пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.

Имсол якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро пурра ба иҷро расониданд. Ноҳияи Данғара 111,03, Дӯстӣ 103,92, Бохтар 102,92, Левакант 100,93, Шаҳритуз 100,91, Қубодиён 100,38, Ҳамадонӣ 100,26, Хуросон 100,21, Носири Хусрав 100,15, Ҷайҳун 100,14, Панҷ 100,09 ва Кӯшониён ба андозаи 100,01 фоиз пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон, онҳо то имрӯз ба нуқтаҳои қабул 24 ҳазору 864 тонна “тиллои сафед” супурдаанд, ки ба 100,27 дарсади дурнамо баробар аст.

Мутаассифона, пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 64 то 90 фоиз иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.

Хоҷагиҳои пахтакори 19 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт намуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Ба гуфтаи коршиносон, 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба кишварҳои Россия, Чин,  Қазоқистон ва Туркия дар шакли ашёи хом содирот мешавад. Сипас чун маҳсулоти тайёр, ки аз пахтаи содиршуда дар хориҷи мамлакат истеҳсол мешавад, дубора ба бозори Тоҷикистон бо арзиши баланд ворид мегардад.

Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни ирсоли Паёми хеш иброз намуданд, ки «…барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ бояд ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад».

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамасола ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили мамлакат коркард мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои охир ҳамагӣ 10-12 фоизи нахи пахта дар дохили мамлакат  коркард мешаваду халос. Боқимонда ҳамчун ашёи хом ба дигар кишварҳо содирот мегардад.

Соли 2018 содироти нахи пахта назар ба соли гузашта ду баробар афзудааст.

Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: «…дар 2-3 соли оянда бояд ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз мамлакат берун набарояд».

Ба гуфти коршиносон, барои равнақ бахшидани пешравиҳо дар  соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди он рушди саноати таҷҳизоти истеҳсолӣ аҳамияти калон дорад. Дар ҳолати кам будани таҷҳизот аз замин ҳосили дилхоҳ гирифта намешавад ва қувваи кории зиёд бесамар истифода мегардад. Гузашта аз ин, дар баробари истеҳсоли хуби маҳсулот коркарди ниҳоии он  дар дохили мамлакат хеле муҳим мебошад. Дар раванди ворид намудани технологияҳои муосир барои тақвияти неруи кадрии соҳаи саноат тадбирҳои мушаххас  пешбинӣ гардидаанд. Барои  афзоиши ашёи хоми ватанӣ, махсусан пахта бояд шароиту имконоти кишоварзонро ба инобат гирифт  ва ҷиҳати рушди соҳаю дастгирии кишоварзон  масъулинро мебояд тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Тибқи барномаву стратегияҳое, ки дар ин самт рӯи кор омадаанд, самаранокӣ, татбиқи босифати барномаю лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ба 22 дарсад расондани ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2030 аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ муайян гардидаанд. Барои муваффақ шудан ба ин  ҳадаф ҳалли чанд масъала, аз ҷумла аз байн бурдани нақши корхонаҳо ҳамчун истеҳсолкунандаи ашёи хому нимтайёр, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти тайёри содиротию воридотивазкунанда, истифодаи беҳтари  манбаъҳои ашёи хоми минералӣ ва зиёд намудани иқтидорҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ зарур шуморида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар мамлакат корхонаҳои  коркарди пахта ва ресандагӣ  бо иқтидори миёна фаъолият доранд. Ин корхонаҳо имкон доранд, ки  нахи хушсифат истеҳсол намуда, онро барои рангубор ва коркарди ниҳоӣ ба мизоҷон манзур намоянд. Агар нахи пахтаи истеҳсолгардида пурра рангубор карда шавад,  корхонаҳои кешбофӣ низ пурра бо ашёи хоми ватанӣ  таъмин карда мешаванд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Tags: