Имрӯз бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсус дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода кормандони ин соҳаро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Номбурда иброз дошт, ки «бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат ва вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сол то сол беҳтар гардида, барои онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ин ҳама ғамхориҳо бо мақсади қадрдонӣ аз заҳмати шабонарӯзии ин сарбозони ҳақиқии Ватан роҳандозӣ мегардад».
Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар мубориза бо ҷинояткорон ва таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат хизматҳои беназир кардаанд. Онҳо аз рӯзҳои аввали таъсиси ин даста то ба имрӯз ба савганди худ содиқ буда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.
Кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар муддати 24 соли фаъолият дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон бурда, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ва гузаронидани амалиёти махсус аксари ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ ва ошкор намудаанд. Дар ин раванд аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон дода, қисмате аз онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ ҷони худро қурбон кардаанд, то амнияти мардумро таъмин намоянд.
Дар фарҷоми ҳамоиши тантанавӣ бо Фармони Вазири корхои дохилӣ беҳтарин кормандон барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан бо нишонхои сарисинагӣ, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АМИТ «Ховар»