Имрӯз дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомадҳои бошукӯҳ зиёда аз 1000 ҳазор нафар сокинон бо шумули кормандони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва қаҳрамонони Тоҷикистон масофаи 2 километр роҳро тай намуданд.
Дар ин ҳамоиши идона масъулин, омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонону масъулини ҳукумати ноҳия оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории тоҷикон, саҳми Президент дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор карданд. Ҳозирин таҳти шиорҳои «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Пешвои миллат- ҳомии сулҳ!» шеърҳо қироат намуданд. Овозхонону мутрибони дастаҳои ҳунарии ин ноҳия табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишин шод гардониданд.
Зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун тамоми ҷумҳурӣ дар ноҳияи дурдаст ва кўҳистони Тоҷикобод корҳоеро ба анҷом расонидааст, ки бисту ҳашт сол пеш касе бовар намекард. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар ҷавоб ба ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат бо номи Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоянд, сиёсати Президентро аз сидқи дил амалӣ месозанд. Донаи умед мекоранд, ҳосил меғундоранд, ниҳол шинонда боғ бунёд мекунанд, фарзандони шоистаи давру замонро тарбия карда, ба воя мерасонанд, роҳу кўчаву хона сохта, диёри худро дар Тоҷикистон машҳур месозанд.
Муҳаббати Пешвои миллат дар дили мардум маскан гирифта, бо хуни онҳо омезиш ёфтааст. Дигар касе ин муҳаббатро аз синаи сокинони ноҳияи Тоҷикобод берун карда наметавонад.
АМИТ «Ховар»