Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» соҳиби 3 ҷоиза гардид

Аз 11 то 16 сентяри соли равон дар шахри Бишкеки Ҷумхурии Қирғизистон 6-умин Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» баргузор гардид.

Тавре аз  Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа хабар доданд, театри мазкур дар ин фестивал соҳиби 3 ҷоиза ва Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, итиллоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.

Ба иттилои манбаъ,  дар маросими пӯшидашавии фестивал ба 3 нафар аҳли адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломи Академияи фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуд.

Пас аз ҷамъбасти фестивал ҳунармандони театр Аловуддин Абдуллоев, Меҳриниссо Ҳоҷибоева ва Маҳмадалӣ Айюбов бо кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғистон вохурӣ гузаронида, бо пешниҳоди Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олимзода барои тоҷикони муқими Қирғизистон дар мавзеи Учқурғони шаҳри Қадамҷо барномаи ҳунарӣ намоиш доданд.

АМИТ «Ховар»