Рустами Эмомалӣ ба масъулин оид ба назорати риояи қонун дар бораи манъи парваришу нигоҳдории чорво дар ҳудуди Душанбе дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдор вобаста ба назорати  иҷрои  талаботи  қонун дар бораи  манъи парваришу  нигоҳдории чорво ва ҳайвоноти хонагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастур дод. Раиси шаҳр инчунин талаб намуд, ки ҷиҳати иҷрои моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти пурра манъ гардидани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон, асп, хар, паранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ дар ҳудуди пойтахт фаъолиятро пурзӯр намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин масъала дар маҷлиси машваратии назди  Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки  барои вайрон кардани талаботи қонуни  зикршуда  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

«Дар асоси моддаи 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, паранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва парандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017, № 1418) ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад»,-афзуд манбаъ.

Барои давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва  шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 550).

АМИТ «Ховар»

Tags: