Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд.

Тавре дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар баробари мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин ҳамоишҳои  гуногуни маърифатӣ-фарҳангӣ ва оммавӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуда, марҳилаи аввал ва дуюми баргузории он дар сатҳи шаҳру ноҳия, вилоят ва минтақаҳои мамлакат бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва варзишгарон бомаром идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, дзюдо, самбо, юнону румӣ, гӯштини миллӣ, таэквондо, каратэ – до, футбол, тенниси рӯйи миз ва ғайраҳо доир карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: