30 октябр дар Боку ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо иштирок менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод.
Ба иттилои номбурда, интизор меравад, ки дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок намояд.
Аъзои Шӯро лоиҳаи Консепсияи ҳамкории ҳарбии кишварҳои аъзои ИДМ то соли 2025 ва самтҳои асосии рушди низоми Муттаҳидаи назорат ва азёбии ҳолати радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ то соли 2025-ро баррасӣ менамоянд.
Инчунин таҷрибаи зада гардонидани ҳамлаи оммавии дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин ҳангоми амалиёти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Сурияи Араб ва иҷрои вазифаҳои инсондӯстона оид ба безарар гардонидани мина дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос матраҳ мешавад.
Дар ҷаласа натиҷаҳои Бозиҳои байналмилалии артишӣ -2019 натиҷагирӣ, инчунин масъалаҳои омода намудани кадрҳои афсарӣ барои қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ, гузаронидани Фестивали байналмилалии ғояҳои «Навгонии илмӣ» ва омодагӣ ба таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баррасӣ мешаванд.
Ғайр аз ин баргузории чорабиниҳои муштараки низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шуда, инчунин фаъолияти ташкилоти асосии кишварҳои аъзои ИДМ (Донишгоҳи миллии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия) оид ба омода намудани мутахассисони самти ҳарбӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои ташкили роҳбаладии иттилоотии чорабиниҳои муштараки ҳамкории ҳарбии бисёрҷониба баррасӣ мегарданд.
Инчунин рушди ҳамкории ҳарбии кишварҳои ИДМ дар соли 2019 натиҷагирӣ карда шуда, нақшаи кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ барои соли 2020 таҳия мегардад. Вазирони мудофиа масъалаҳои баҳисобгирии заминаи ҳуқуқии байналмилалии ҳамкории низомӣ ва такмили танзими ҳуқуқиро дар соҳаи дастгирии метрологии қувваҳои мусаллаҳи ИДМ муҳокима хоҳанд кард.
Дар ҷаласа инчунин як зумра масъалаҳои молиявӣ, кадрӣ ва ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
АМИТ «Ховар»