Имрӯз дар шаҳри Берлини Олмон намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2017» ба кори худ шурӯъ кард. Дар расми ботантанаи ифтитоҳи ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин намоишгоҳ шурӯъ аз соли 2008 бори даҳум аст, ки ба таври муташаккилона таҳти сарпарастии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон фаъолона иштирок менамояд.
Намоишгоҳи имсоларо Вазири иқтисод ва энергетикаи Олмон хонума Бригита Сипрас кушода, Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ ба кори намоишгоҳ барор таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ то 12 марти соли 2017 идома меёбад.
Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"