Вазири мудофиаи Қазоқистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

27 октябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майор Нурлан Ермекбаев бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бою рангини миллати тоҷик шинос гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар дод, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии  Қазоқистон Нурлан Ермекбаев бо ёдгориҳо ва нигораҳои таърихие, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷиканд, шинос шуд.

Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди  касбӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ гузарониданд.

Зикр гардид, ки шуъбаҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум  мекунанд, ба меҳмонон муаррифӣ   гардиданд.

Ҳамчунин ба меҳмонон дар бораи таърихи «Саразм», «Оини Зардуштӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Тахти сангин», «Панҷакенти қадим», «Аҷинатеппа», «Сомониён», «Меҳроби Искодар» ва дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик маълумот дода шуд.

Дар охир Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст  гузошт.

Ёдовар мешавем, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон  бо сафари 3-рӯза дар Ҷумҳуррии Тоҷикистон қарор дошта, тайи ин муддат бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ва аз боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе дидан намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: