Мир Раҳмон Раҳмонӣ: «Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сулҳ дар Афғонистон мебошад»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро имрӯз дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.

«Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили раванди музокироти сулҳи Афғонистон, муҳоҷирини афғон ва тиҷорат миёни ду давлат баррасӣ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пуштибонии ҷониби Тоҷикистонро аз сулҳи Афғонистон таъкид намуданд. Мо аз ин талошҳои Президенти Тоҷикистон сипосу қадрдонӣ мекунем»,- гуфт дар нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 феврал Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

АМИТ «Ховар»

Tags: