Бонкҳои Тоҷикистон ба соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар зарфи нуҳ моҳи соли равон беш аз 35 миллион сомонӣ қарз додаанд. Дар ин хусус Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аз ин омор 8,1 миллион сомонӣ ба соҳаи сайёҳӣ ва 27,2 миллион сомонӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ рост меояд.
Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд, ки ҳадафаш рушди деҳот, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар малакат мебошад.
Бо назардошти рушди сайёҳӣ дар мамлакат мақомоти салоҳиятдор –Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, алҳол дар бозори хизматрасониҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 170 ширкати сайёҳӣ фаъол мебошанд. Инчунин «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» аз ҷониби Парлумони мамлакат қабул гардиданд, ки заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи рушди ҳунармандӣ буда, имкон медиҳад, ки тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ барои рушди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гарданд.
Ҳамзамон бо мақсади рушду тавсеаи бахши сайёҳӣ аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо мақсади дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ 150 адад ё 27 фоизи марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шудаанд.
Ҳамзамон фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарӯзӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ пешниҳод менамоянд, тақвият дода шуд.
АМИТ «Ховар»