Қаиқрони маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов аз Чемпионати Осиё бо ду медал ба Ватан баргашт

21 октябр  варзишгари маъруфи  тоҷик Шаҳриёр Даминов аз шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ду медал- нуқра ва биринҷӣ ба Ватан баргашт. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин варзишгари маъруфро даҳҳо нафар ҳаводорону дӯстдорони ин навъи варзиш истиқбол намуданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, 17 октябр дар шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шурӯъ гардида, то 20 октябр идома ёфт. 19 октябр варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 25,90 километр сабқат карда, бо натиҷаи 2:18:47.86 сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё гардид. Шаҳриёр бо ин натиҷа дар сатҳи ҷаҳон миёни 20 нафар аз 12 давлати ҷаҳон ҷои 11-умро ишғол кард.

Миёни варзишгарони Осиё медали тилло насиби варзишгари мизбон Йонгжуанг Суй бо натиҷаи 2:14:45.36, медали нуқра насиби варзишгари Япония Такаюкӣ Кокаҷӣ бо натиҷаи 2:15:50.40 шуд. Медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро Мануэл Кампос аз Испания (2:05:31.65) ба даст овард. Варзишгари Чех Яқуб Брезина (2:05:42.04) ҷои дуюм, варзишгари Россия Кирил Шамшурин (2:05:50.13) мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов 17 октябр дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: