Соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи истеҳсоли сабзии хушк бунёд менамояд

Бо ташаббуси cоҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави «Хуҷандагро» ба истифода дода мешавад, ки ба коркарди сабзӣ нигаронида шудааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, тибқи лоиҳа корхона метавонад дар як шабонарӯз то 50 тонна сабзиро коркард карда, аз 3 то 5 тонна сабзии хушк истеҳсол ва онро ба Россия содир намояд.

Бояд таъкид кард, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 21 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо соҳибкорони тоҷики муқими ин кишвар мулоқот карда, аз соҳибкорони бурунмарзӣ даъват карда буд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоянд. Соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов пас аз иштирок дар ҳамоиши соҳибкорон тасмим гирифт, ки дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни руси худ дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нав бунёд созад.

Бо ин мақсад 15 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов ва ҳамтои русаш Сергей Макаренкоро ба ҳузур пазируфт.

Тавре зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, барои бунёди корхона аллакай корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Ҷонибҳо пас аз баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ бо ҷараёни бунёди корхонаи «Хуҷандагро» шинос гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: