25 сентябр Директори генералии ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия, ҳамраиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ бо ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Франс Вессиг ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Меҳмонро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, бо онҳо аз ҷониби кормандон дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Меҳмонон аввал аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» дидан намуда, сипас ба тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишӣ, аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Сомониён», «Хушнависӣ», «Сиккаҳо», «Истиқлолият» ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуда, чунин шоҳкориҳои аҷдодони мо диққати онҳоро ҷалб намуд.
Ҳамчунин меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос гардида, аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.
Бо изҳори хушҳолӣ аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Директори генералии ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия, ҳамраиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ Франс Вессиг чун анъана дар китоби ёддоштҳои «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти неки худро дарҷ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Франс Вессиг бо ҳамроҳонаш 23 сентябр бо мақсади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тақвият додани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ, ҷалби сармояи австриягӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
АМИТ «Ховар»