Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди истифода қарор доданд

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар деҳаи «Оли Сомон»-и деҳоти “Зайнабобод” Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҷаббор Қурбонов давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Муассисаи таълимӣ дар як қисми заминҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85, ки соли 1963 сохта шуда буд, бунёд гардидааст.

Дар мактаб барои таълиму тарбияи насли ояндасози ҷумҳурӣ  беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст. Тавре ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ин мактаби шакли нав бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот, 13 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия ва технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур ва имкониятҳои хуби таълимии он, ҳайати 25-нафараи омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилотро баланд бардошта, хонандагонро аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор намоянд.

Зимни боздид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд. Инчунин ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро Сарвари давлат беҳтарин туҳфа ба хонандагон ва омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ арзёбӣ карда, вобаста ба ин аз кормандони соҳаи маорифи ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон саҳми арзанда гузоранд. Чунки пешрафти давлатдории миллӣ аз рушди соҳаи маориф вобастагии амиқ дорад.

Ба маълумоти масъулин, марҳилаи дуюми сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ояндаи наздик шурӯъ мешавад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти бунёдшаванда маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: