18 сентябр дар шаҳри Варшава дар ҷаласаи дуюми кории ҳамоиши САҲА роҷеъ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ дар мавзӯи амнияти рӯзноманигорон роҳбари ҳайати Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода суханронӣ кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суханронияш Зариф Ализода мавҷуд будани кафолати амнияти ҳуқуқии рӯзноманигоронро дар Тоҷикистон таъкид намуд.
Инчунин таъкид шуд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шудаанд.
АМИТ «Ховар»