Конфронс дар мавзӯи «Ҷавонони зодаи Истиқлолият- созандагони боэътимоди Ватан!» баргузор гардид

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонони зодаи Истиқлолият-созандагони боэътимоди Ватан!» баргузор гардид.
Конфронс бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд.
Дар кори ҳамоиш ҷавонон аз шаҳру навоҳии Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа ва нақшаҳо дар роҳи созандагии фардои ватан изҳори андеша карданд.
Дар назар аст, ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 25-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин нишасту вохӯриҳоро бо ҷавонон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир намояд.

Tags: