16 сентябр дар шаҳри Варшава ҳамоиши САҲА дар мавриди баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ, ки то 27 сентябри 2019 идома хоҳад ёфт, ба кор оғоз кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш роҳбари ҳайати давлати мо, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода сухан гуфт. Ӯ равиши мусбати фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи уҳдадориҳо дар чаҳорчӯби таъмини ҳуқуқи инсон дар мамлакат таъкид кард.
Ёрдамчии Президент инчунин ба масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва амалисозии муштараки муваффақонаи лоиҳаҳо ва барномаҳо ишора кард.
АМИТ «Ховар»