Сокинони Ёвон дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолият бо марказҳои саломатӣ, мактаб, дорухона ва оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат идома доранд.

Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки роҳбарияти ноҳия, фаъолон ва директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода якчанд иншоот, аз ҷумла дорухона, чойхонаи миллии “Фараҳбахш”, толори варзишӣ, фурӯшгоҳи молҳои занона,  як зумра  дӯконҳо дар бозори “Ансор”, мактаби нав дар деҳаи Дарагӣ ва  маркази саломатӣ бо таваллудхонаи деҳот дар деҳаи Рӯдакӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов  дар деҳаи Даҳана  Маркази нави саломатӣ ва бо саҳми сокинону мақомоти маҳаллӣ дар деҳаи Чормағзак Маркази саломатии деҳот бунёд ёфта,  ҳарду маркази саломатӣ бо мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва таҷҳизоти тиббӣ  таъмин гардиданд.

Имрӯзҳо  сокинони деҳаи Дарагӣ шукронаи Истиқлолият карда, пеш аз ҳама ба  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои дастгириҳояшон  ва соҳибкор  Акбар Асадуллозода  самимона изҳори миннатдорӣ менамоянд. Онҳо изҳор доштанд, ки то имсол деҳаи Дарагӣ мактаб надошт ва хонандагон масофаи зиёда аз 3 км роҳро тай карда, қад-қади роҳи мошингард ба муассисаи таълимии  № 11 мерафтанд. Бинобар дурии роҳ дар фаслҳои зимистону баҳор, махсусан кӯдакону наврасон ба мушкилии зиёд гирифтор мешуданд.  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Дарагӣ, ки бо саҳми ин соҳибкори ватандӯст бунёд гардид, бешубҳа, барои наслҳои ояндасози ноҳияи Ёвон боргоҳи маърифат хоҳад гардид.

Ҳамзамон  дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ сокинони деҳаҳои Кишоварзон ва Пахтакори Ҷамоати  деҳоти Норини ноҳияи Ёвон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Сокинони деҳаҳои мазкур, ки 3500 нафарро ташкил медиҳанд, аз нарасидани оби нӯшокӣ  солҳои зиёд азоб мекашиданд. Хушбахтона, дар ҳамкорӣ бо як ширкати байналмилалӣ бо сарфи 500 ҳазор сомонӣ сокинони ин деҳаҳо бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Метавон гуфт, ки иқдоми мазкур дар самти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-28” як амали муҳим ба ҳисоб меравад.

АМИТ «Ховар»

Tags: