Дар ноҳияи Рашт биноҳои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва Ҷамоати деҳоти Тагоба ба истифода дода шуданд

Ба ифтихори  28-умин солгарди  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт дар фазои тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев   бинои нави  Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тагоба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

 Бинои маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ташхисгоҳи замонавиест, ки бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Тибқи иттилои  масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Рашт, соли 2019   дар ноҳия ба истифода додани 52 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави  Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тагоба  ва майдончаи варзишӣ аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор дода шуданд.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  сохтмони 206 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Инҳо 29   адад варзишгоҳ, 15 адад биноҳои маъмурӣ, 29 адад хатти об нӯшокӣ, 22 адад марказҳои савдо, 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ва 74 иншоот дар соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ ва маориф мебошанд, ки то фарорасии ин ҷашни миллӣ ба  истифода дода мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: