Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро 100,3 фоиз иҷро намуд

16 ноябр кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истеҳсоли 18 ҳазору 250 тонна «тиллои сафед» дурнамои  истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода «муждаи зафар»-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид, ки дар он чунин омадааст:

«Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2020 дар майдони 8400 гектар пунбадона кишт намуда, уҳдадор гардида буданд, ки ба хирмани мамлакат  18 ҳазору 200 тонна пахта супоранд. Деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзӣ аз сидқи дил меҳнат карда, тавонистанд нақшаи пахтасупориро бо сари баланд таъмин намоянд.

Дар натиҷаи меҳнати фидокорона ба деҳқонон муяссар гардид, ки то имрӯз ба хирмани Ватан 18 ҳазору 250 тонна пахта супорида, нақшаро 100,3 дарсад иҷро намоянд».

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Спитамен низ нақшаро пурра иҷро намудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: