Тавре мо қаблан иттилоъ дода будем, 23 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андози (молияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Ҷаласаи навбатӣ ба фаъолияти мақомоти тафтишоти андози (молияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии кишварҳо, таҳким ва такмили ҳамкорӣ дар заминаи ҳамгироии минбаъдаи иқтисодӣ, чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар бахши қарзию молиявӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи андоз бахшида мешавад.
Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодҳоро оид ба такмили қонунгузории миллӣ, инчунин ташаббусҳо оид ба рушди заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалиро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳод баррасӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андози (молияи) кишварҳои аъзои ИДМ соли 2000 бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза бо қонунвайронкунии андоз таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии он табодули иттилоот, таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои ошкор, пешгирӣ ва рафъи ин ҷиноятҳо мебошанд.
Илова бар ин, Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андози (молияи) кишварҳои аъзои ИДМ ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод ва таҳияи заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо қонунвайронкуниҳои андоз мусоидат мекунад.
Давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Ӯзбекистон ва Украина аъзои ваколатдори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти андоз ба ҳисоб мераванд.
АМИТ «Ховар»