Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон аз гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои сокинон дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва ҳунарҳои мардумӣ, ки расму анъанаҳои қадимаи миллати тоҷикро таҷассум мекунанд, ба маъраз гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои кадбонуҳои ин минтақаи дурдасти мамлакатро шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешавад ва таваҷҷуҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, шуғли асосии сокинони деҳоти Сари Хосор кишоварзӣ буда, аҳли заҳмат ҳамасола бо васеъ намудани майдони зироати гуногуни кишоварзӣ ва боғоти мевадиҳанда маҳсулоти зиёд ба даст меоранд, ки ин омил дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ замина мегузорад.
Дар намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯрпарварони деҳоти Сари Хосор намудҳои гуногуни асали табииро, ки дар ин гӯшаи дорои табиати дилфиреб истеҳсол карда мешавад, муаррифӣ намуданд. Иқлими минтақа барои занбӯрпарварӣ хеле мувофиқ буда, кишоварзон ҳамасола бо афзун намудани оилаҳои занбӯри асал маҳсулоти зиёди аз ҷиҳати экологӣ тозаву табобатӣ ба даст меоранд.
Деҳоти Сари Хосор дорои меваҳои шаҳдбор, аз қабили чормағз, тутҳои гуногун, хуч, зилол, маҳлаб, чанд намуди олуча, нок, себ, зардолу, ангур, гелос ва ғайра мебошад. Мавзеи Сари Хосор барои рушди кишоварзӣ, пеш аз ҳама, картошкапарварӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ имконияти ниҳоят васеъ дорад. Сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор барои рафтуомади сокинон, ба гардиши кишоварзӣ даровардани замин, истифодаи босамари ҷангалзор ва ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот мусоидат менамояд.
Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдон бо сокинони касбу кори гуногуни деҳоти Сари Хосор мулоқот намуданд. Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат ба корҳои созандагию ободонӣ ва муҳайё гардидани шароити арзандаи кору зиндагӣ ба сокинон баҳои баланд дода, дар самти боз ҳам бештар рушд бахшидани бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ба масъулон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Сокинон дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ҷиҳати муҳайё гардидани имконияти мувофиқи кору зиндагӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдории самимии хешро баён доштанд.
АМИТ «Ховар»