Рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи абрнок дар назар аст.

Имрӯз, 10 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Ба иттилои Агентӣ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 3-2 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  шабона 1-6дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: