Боздиди намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон аз Тоҷикистон

1-уми ноябри соли равон зиёда аз 20 намояндаи ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ иброз дошт, ки: «кӯшиш мекунем имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро хуб муаррифӣ кунем ва бовар дорам, ки баъд аз бозгашт шумо дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон ба ҳамватанони худ қисса хоҳед кард».
Гуфта шуд, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми тадбиқкунандаи сиёсати давлатии соҳаи туризм ба густариш ва таҳкими муносибатҳо дар соҳаи туризм байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳавасманд буда, ба дурнамои шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои ҳар ду кишвар аҳамияти хоса медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар 9 моҳи соли равон аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон 665 нафар сайёҳ ташриф овардаанд.

Tags: